Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Башор Асад аз Исроил


Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад гуфт, музокироти сулҳ бо Исроил ба ин далел пеш намеравад, ки Исроил ба расидан ба сулҳ манфиатдор нест. Башор Асад дар пайи мулоқот бо сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Димишқ гуфт, талаби Исроил ба оғози музокироти бидуни қайду шарти пешакӣ баёнгари талоши Исроил барои ба ҳам задани раванди сулҳ аст. Музокироти сулҳи миёни Сурияву Исроил соли 2000, замоне дучори бунбаст шуд, ки Димишқ хуруҷи комили Исроил аз теппаҳои Ҷӯлонро талаб кард. Исроил ин теппаҳоро дар ҷараёни ҷанги соли 1967 ишғол кардааст.
XS
SM
MD
LG