Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико рафтори Эронро "пулисӣ" номид


Амрико Эронро айбдор кард, ки ба мисли давлати пулисӣ рафтор мекунад. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Филлип Кровлӣ гуфт, Эрон ба манзури гирифтани пеши роҳи хостҳои мардум ошкоро аз тамоми васоил ва аз нирӯҳои мухталифи амниятие, ки дар ихтиёр дорад, истифода мекунад. Ӯ аз давлати Эрон даъват кард, ба ҳарфи мардум гӯш диҳад.
Нирӯҳои амниятии Эрон дирӯз дар шаҳри Исфаҳон бо издиҳоми гирдиҳамомада дар маросими ёдбуди оятуллоҳи дигарандеш Ҳусейналии Мунтазирӣ вориди задухӯрд шуд.
XS
SM
MD
LG