Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози татбиқи тарҳҳои нави ИА дар Тоҷикистон


Иттиҳодияи Аврупо ба маблағгузории 4 тарҳи вижааш дар Тоҷикистон, ки тавассути созмонҳои ғайридавлатии маҳалливу байналмилалӣ амалӣ хоҳад шуд, шурӯъ кардааст. Ин барномаҳо марбут ба рушди ниҳодҳои ғайридавлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ, мушорикати мардум дар ислоҳоти соҳаи манзил, кӯмак ба маълулон дар манотиқи рустоӣ ва таъсиси як маркази пуштибонии атфоли хурдсол буда, ИА барои ин 4 тарҳ 750 000 евро ихтисос додааст. Ин барномаҳои ИА дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон амалӣ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG