Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 40 миллион доданист


Бонки ҷаҳонӣ мехоҳад ба хотири пуштибонии будҷаи давлатии Тоҷикистон 40 миллион доллари дигар ҷудо кунад. Намояндаи доимии ин ниҳоди молӣ дар Тоҷикистон Киара Бронкӣ гуфтааст, ин кӯмак барои ду соли оянда дар назар гирифта шудааст. Тоҷикистон дар моҳи июни соли ҷорӣ ба манзури пуштибонӣ аз будҷааш аз Бонки ҷаҳонӣ беш аз 20 миллион доллар кӯмак дарёфт карда буд. Бронкӣ гуфтааст, ки Бонки ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ дар соли оянда ба Тоҷикистон 57 миллион доллар қарзу кӯмак хоҳад расонд.
XS
SM
MD
LG