Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамовозии Freedom House ба HRW дар танқиди Тошканд


Freedom House, созмони маъруфи амрикоии ҳуқуқи башар мегӯяд, ки Узбакистон дар пешорӯи интихоботи парлумонии рӯзи 27 декабр ҳамлаҳояш алайҳи фаъолони ҳуқуқи инсонро густариш додааст. Ин созмон ҳамчунин Тошкандро ба адами иқдомоти қобили боварӣ ба хотири манъи таъқиби ваҳшиёна ва давомдори ҷомиаи маданӣ айбдор кард.
Қаблан, Human Rights Watch, як созмони дигари шинохтаи ҳуқуқи башар низ бо ҳамин шева аз Тошканд интиқод карда буд.
XS
SM
MD
LG