Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати намояндаи САҲА аз Бишкек


Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот Миклош Ҳарастӣ дар пайи як силсила ҳамалот алайҳи журналистон, аз ҷумла қатли Геннадий Павлюк, аз мақомоти Қирғизистон хост, пеши роҳи тарс додани матбуоти озодро бигиранд. Ҳарастӣ дар номае ба вазири хориҷаи Қирғизистон Қодирбек Сараев гуфт, хушунат алайҳи хабарнигорон дар он кишвар тайи моҳҳои охир боз ҳам афзудааст ва мақомоти Бишкек бояд бӯҳрони пешомадаро эътироф карда, чунин маворидро як ҷинояти оддӣ ба қалам надиҳанд.
XS
SM
MD
LG