Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лужков ёдгории тахрибшудаи Кутаисиро эҳё мекунад


Шаҳрдори Маскав Юрий Лужков гуфт, муҷассамаи ёдгориии қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ, ки мақомоти Гурҷистон дар шаҳри Кутаисӣ онро тахриб карданд, дар Боғи Пирӯзии пойтахти Русия аз нав қомат хоҳад афрохт. Лужков гуфт, аз ҳайкалтароши маъруфи замони Шӯравӣ Мероб Бердзенишвилӣ дархост хоҳанд кард, дар сохтани нусхаи нави он ёдгорӣ кӯмак кунад. Ёдгории 50-метрии қурбониёни ҷанг дар Кутаисӣ рӯзи якшанбе тарконда шуд. Ҳангоми инфиҷор як зан бо духтари 8-солааш ҳалок шуданд ва тасмими тахриби ёдгорӣ мавҷи эътирозҳоро дар Гурҷистон барангехт.
Сарвазири Русия Владимир Путин рӯзи сешанбе тахриби муҷассами ёдгорӣ дар Кутаисиро талоши ба боди фаромӯшӣ супурдани гузаштаи муштараки халқҳои шӯравии собиқ хонд ва гуфт, ин муҷассамаро дар Маскав эҳё хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG