Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати САҲА барои хатми хушунат алайҳи хабарнигорон


Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки ба таъқиби хабарнигорон хотима бахшанд. Дар як номаи масъули САҲА дар бахши озодии матбуот Миклош Ҳарастӣ унвонии вазири умури хориҷаи Қирғизистон Қодирбек Сарбоев аз он изҳори нигаронӣ шудааст, ки вақтҳои ахир хушунат алайҳи хабарнигорон дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Ин нома як рӯз баъд аз ҳалокати хабарнигори қирғизистонӣ Геннадий Павлюк дар як бемористони шаҳри Алма-Ато иншо шудааст. Геннадий Павлюк, ки бо аҳзоби мухолифи ҳукумати Қирғизистон ҳамкорӣ мекард, миёнаҳои моҳи равон аз сӯи афроди ношинос аз бинои бисёрошёна ба пойин афканда шуд. Ӯ дигар ба ҳуш наомад ва субҳи рӯзи сешанбе аз дунё даргузашт.
XS
SM
MD
LG