Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии ИМА аз мурофиаи додгоҳии Лю Сяобо


Грегори Мей, як тан аз кормандони масъули сафорати ИМА дар Пекин имрӯз гуфт, ки Вошингтон аз мурофиаи додгоҳӣ алайҳи дигарандеши маъруф Лю Сяобо сахт нигарон аст. Ба гуфтаи ӯ, Сяобо талош мекард, ки “дар Чин ба ҳуқуқи башар арҷ гузошта шавад ва дар кишвар ислоҳоти демократӣ сурат бигирад”. Лю Сяобо донишманди маъруф ва аз мунаққидони ҳукумат, бо гумони даъват барои аз байн бурдани сохти сотсиалистӣ дар Чин, боздошт шудааст. Ӯ яке аз фаъолони намоиши эътирозии донишҷӯён дар майдони Тянанмени Пекин дар соли 1989 маҳсуб мешавад. Бори ахир Лю Сяобо моҳи декабри соли гузашта боздошт шуда буд ва дар ҳабси хонагӣ қарор дошт. Қарор аст, ки додгоҳ дар баробари дигарандеши маъруф рӯзи 25 декабр ҳукм содир кунад.
XS
SM
MD
LG