Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми шигифтангези додгоҳи Русия


Платон Лебедев (аз рост) ва Михаил Ходорковский дар додгоҳ, 31 марти соли 2009.

Платон Лебедев (аз рост) ва Михаил Ходорковский дар додгоҳ, 31 марти соли 2009.

Раёсати Додгоҳи Олии Русия боздошти Платон Лебедев, раҳбари бахши молии ширкати "Юкос"-ро дар моҳи июни соли 2003 ғайриқонунӣ эълон кард.

Тасмими шигифтангези Додгоҳи Олии Русия ба қарори Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар мувофиқат мекунад, ки ҳанӯз моҳи октябри соли 2007 эълон кард, ки ҳуқуқҳои Платон Лебедев ҳангоми боздошт ва муҳокима поймол шудааст.
Додгоҳи Страсбург қарори худро соли 2007 эълон карда буд, аммо мақомоти Додгоҳи Олӣ мегӯянд, ки ин қарор ҳоло ба дасти онҳо расидааст, ки ба назари ман ин гап дурӯг аст. Ман намедонам чаро онҳо ҳоло ба ин қарор баргаштанд...

Додгоҳи Страсбург ҷубронпулии азиятҳои Платон Лебедевро 10 000 евро муайян кардааст. Ҳуқуқшиносони Русия ҳайронанд, ки қарори раёсати Додгоҳи Олӣ ба қазияи Лебедев чӣ таъсир хоҳад дошт.

Платон Лебедев ва ҳамкори ӯ, раиси ширкати "Юкос" Михаил Ходорковский соли 2005 ба чапдастӣ ва насупоридани андоз гунаҳкор эълон шуданд ва ҳоло солҳои ҳабси ҳаштсоларо дар зиндон кӯтоҳ мекунанд. Гузашта аз ин ин ҳар ду ҳоло дар додгоҳи Маскав дар муқобили ду иттиҳоми дигар, боз ҳам қаллобӣ ва шустушӯи пул қарор доранд.

Ҷонибдорони ду нафар қазияи ҳардуро сиёсӣ хонда, онро як бахши маъракаи Кремл барои назорат бар саноати нафти кишвар унвон кардаанд. Раёсати Додгоҳи Олии Русия ҳамчунин ҳукми соли 2004-и додгоҳи зинаи поёниро дар мавриди якҷо кардани парвандаи ҷиноии Лебедев ва Ходорковкий бекор кард.

Елена Липстер, яке аз вакилони Платон Лебедев дар сӯҳбат бо хабарнигорон қарори додгоҳро пирӯзие номид, ки ба гуфтаи ӯ, роҳро барои муроҷиат ба додгоҳҳои болоӣ ҳамвор мекунад. Аммо ӯ дар посух ба пурсише, ки оё ҳукми нав ба ҳукми соли 2005 ва додгоҳи кунунии Лебедев чӣ таъсир хоҳад дошт, танҳо гуфт, ки онҳо сари ин мавзӯъ кор хоҳанд кард.

Липстер дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар шигифт аст, ки чаро Додгоҳи Олӣ ин тасмимро танҳо бо гузашти бештар аз ду сол аз қарори додгоҳи Страсбург эълон кардааст. "Сабаби бознигарии қазия дар ошкор шудани далели нав, яъне Қарори Додгоҳи Страсбург аст. Додгоҳи Страсбург қарори худро соли 2007 эълон карда буд, аммо мақомоти Додгоҳи Олӣ мегӯянд, ки ин қарор ҳоло ба дасти онҳо расидааст, ки ба назари ман ин гап дурӯг аст. Ман намедонам чаро онҳо ҳоло ба ин қарор баргаштанд. Ин барои мо номафҳум аст."

Вакилони мудофеи Лебедев аз додгоҳ хостаанд, ки 10 қарори қаблии марбут ба Лебедевро бекор кунад. Аммо додгоҳ танҳо чаҳор қарорро аз байн бурд ва лағви қарорҳои боқиро рад кард. Як санаде, ки лағв нашуд, ҳукми додгоҳ дар бораи он аст, ки Платон Лебедев ва Михаил Ходорковский мӯҳлати ҳабсро дар маҳбаси ислоҳи меҳнатӣ дар Шарқи Дур сипарӣ кунанд. Додгоҳи Страсбург гуфтааст, ки омодааст, муроҷиати якҷояи Лебедев ва Ходорковский дар мавриди ҳукми феълии зиндонро ба баррасӣ бигирад.
XS
SM
MD
LG