Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиндагии имрӯзи тоҷикони Қирғизистон


Дар Қирғизистон шумори зиёди шаҳрвандони собиқи Тоҷикистон ба сар мебаранд. Гуфта мешавад, теъдоди онҳо аз панҷ ҳазор беш аст ва дар замони нооромиҳои солҳои навадуми қарни гузашта дар Тоҷикистон аз ин кишвар ба Қирғизистон кӯч бастаанд.

Зимни сӯҳбат ин муҳоҷирон мегӯянд, шаҳрвандони комилҳуқуқи Қирғизистонанд ва ба шароиту муҳити ин ҷо кайҳост, ки одат кардаанд. Яке аз ин муҳоҷирони собиқ худро Мухтор Наботов муаррифӣ кард. Вай ба радиои Озодӣ гуфт, наздики дувоздаҳ сол боз дар Қирғизистон ба сар мебарад. Ба гуфтаи ӯ, онҳо панҷ бародаронанд ва модарашро низ ҳамроҳи худ овардаанд. Мухтор Наботов мегӯяд, шиносномаи қирғизиро дарёфт карданд ва ба далели он ки ба одамон ва шароити ин ҷо одат кардаанд, мақсади ба Тоҷикистон баргаштанро надорнад.

Ин ҳамсӯҳбати афзуд, се моҳ пеш ба Мадина ном тоҷикдухтари муҳоҷир издивоҷ намуд, ки ин духтар дар кӯдакӣ ҳамроҳи падару модар ва бародаронаш аз Тоҷикистон ба Қирғизистон омадааст. Ба гуфтаи Мухтор Наботов, баъди барқарории суботу амният дар Тоҷикистон падару модари Мадина ба ватан баргаштанд ва дар ҳамин ҳол дар ноҳияи Ҷиргатол ба сар мебаранд. Вай гуфт, ду бародари Мадина бо аъзои хонаводаашон дар яке аз хоҷагиҳои вилояти Чуй ба кишоварзӣ машғуланд.

Ҷои шубҳа нест, ки даҳҳо хонаводаи муҳоҷири тоҷик мисли хонаводаи Наботовҳо аз бозгашт ба ватан худдорӣ маварзанд ва сукунати доимӣ дар Қирғизистонро афзал мешуморанд. Ба гуфтаи як муҳоҷири дигар, ки аз сабти овозаш худдорӣ кард, баъди издивоҷ дар Қирғизистон соҳиби хонаву дар ва чанд фарзанд шуд. Вай гуфт, тағйири фазову муҳите, ки фарзандонаш ба он одат кардаанд, ба мақсад мувофиқ нест ва ин иқдоми ӯ метавонад дар рӯҳияи кӯдаконаш таъсири манфӣ боқӣ гузорад. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, шояд рӯзе фаро расад, ки бо оилааш дубора ба Тоҷикистони азизаш бозгардад, вале дар ҳоли ҳозир ин бозгашти худро барои чанд муддат мутаваққиф сохтааст.

Қодиршоҳи Мурувват, ноиби раиси созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, мегӯяд, қариб 14 сол боз дар Бишкек ба сар мебарад. Вай афзуд, ахиран писараш Сомон ва духтараш Сарвиноз низ шиносномаи қирғизиро ба даст оварданд ва шаҳрванди комилҳуқуқи Қирғизистон шуданд.

Ба гуфтаи Қодиршоҳи Мурувват, дар муддати панҷ соли ахир дар ҳудуди шаш ҳазор муҳоҷири тоҷик ба Тоҷикистон баргаштанд. Мавсуф гуфт, иддае аз муҳоҷирон аз Қирғизистон барои сукунати доимӣ озими Русия шуданд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амриддини Кабир, мегӯяд, ки соли 2009 барои вай ва пайвандону наздиконаш соли фаромӯшношуданист, зеро маҳз дар ин сол ҳукумати Тоҷикистон ӯро ба унвони олии ҳунарӣ сазовор донист. Ба гуфтаи Амриддини Кабир, шояд аввалин ҳунарманди тоҷик дар хориҷ аз Тоҷикистон аст, ки бо амри президенти ин кишвар ба чунин унвони олии ҳунарӣ сазовор шудааст.

Мавсуф гуфт, барои ба ин унвони олӣ сазовор шудани ӯ раёсати созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Бишкек талоши зиёд ба харҷ доданд. Ин ҳунарпешаи мардумии тоҷик соли 1993 ба Қирғизистон муҳоҷират кардааст ва чанд соли ахир дар шаҳри Бишкек ба сар мебарад. Амриддини Кабир сарварии дастаи ҳунарии «Наво»-и Маҷмаи халқи Қирғизистонро бар ӯҳда дорад.

Шоистаи Равшан, яке аз муҳоҷирони тоҷики муқими Бишкек мегӯяд, ки соли 2009 барояш соли муваффақиятҳост. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон, ки дар он ҷо аз фалсафа дарс мегӯяд, вайро устоди беҳтарини ин донишгоҳ пазируфтанд. Шоистаи Равшан афзуд, дарсҳои ғайримаъмулии ӯ ба ин ҷоиза сазовор шуд. Ба гуфтаи Шоистаи Равшан, ҳамчунин вай барои мусоидати дӯстии байни қирғизҳо ва тоҷикон боз ба як ҷоизаи созмони ғайридавлатӣ сазовор гардид. Ҳамчунин ду китоби вай ба нашр расид, ки китоби аввал ба бузургдошти устод Рӯдакӣ бахшида шудааст ва китоби дуввум таҳти унвони «Оғозе, ки анҷом надорад», аз ҳунари овозхонии Амриддини Кабир ва рӯзгори ӯ баҳс мекунад. Бояд зикр намуд, ки Шоистаи Равшан даҳ сол пеш ба Қирғизистон муҳоҷират кардааст ва маълум нест, ки ба Тоҷикистон бармегардад ё хайр.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG