Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноболиғонро ба шавҳар медиҳанд


Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ду волидайнро барои ба шавҳар додани духтарони ноболиғи қабл аз синни никоҳӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидааст.

Фурқат Раҳматуллоев, мудири дафтархонаи додгоҳ мегӯяд, ин ду волидайн, яке духтари хешро дар синни 15 ва дигаре дар 16-солагӣ ба шавҳар додаанд. Ин дар ҳолест, ки қонунгузории Тоҷикистон издивоҷи духтаронро аз 17- солагӣ боло иҷоза додааст. Ҷаноби Раҳматуллоев мегӯяд, дар ҳолатҳои истисноӣ бо дарназардошти шароит ва инкишофи ҷисмониву ақлонии духтар додгоҳ метавонад, синни издивоҷро то як сол поён иҷоза бидиҳад. Аммо амали волидайни ин ду духтар ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ набудааст.

Ҳарчанд, қонунгузории Тоҷикистон никоҳи барвақтиро иҷоза надиҳад ҳам, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари волидайн талош мекунанд, то духтарони худро зудтар ба шавҳар диҳанд. Ба қавли Ашӯрмад Набиев, як сокини Кӯлоб, чунин анъана давоми чанд соли ахир афзоиш ёфтааст. Вай мегӯяд, бархе волидайн ҳарос доранд, ки агар сари вақт духтарро ба шавҳар надиҳанд ва синни ӯ аз 20 боло шуд, дигар касе ба ӯ хостгорӣ намеояд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон бинобар дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани писарон шумори онҳо дар нисбат ба духтарон ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Аммо ба назари коршиносон, аксари издивоҷи нафароне, ки ба синни никоҳӣ нарасидаанд, оқибати фоҷеабор дар пай доштааст. Парвона ном духтар мегӯяд, ӯро волидайн дар 15-солагӣ ба шавҳар доданд, вале пас аз чаҳор соли зиндагӣ, яъне дар 19-солагӣ бо як фарзандаш аз шавҳар ҷудо шудааст. Вай мегӯяд, дар ҳоле ки ӯ никоҳи расмӣ надошт, натавонист дар қиболи ин тасмими шавҳар чора биандешад. Ба гуфтаи Парвона, дар ҷомеаи кунунӣ ҳамтақдирони вай кам нестанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ, давоми соли ҷорӣ беш аз ду ҳазор духтар дар минтақаи Кӯлоб то синфи 9-ум таҳсил намуда, тарки мактаб намудаанд. Ба қавли коршиносон, аксари волидайн маҳз ба хотири ба шавҳар додан монеъи таҳсили духтарон мегарданд.
XS
SM
MD
LG