Пайвандҳои дастрасӣ

Шералӣ Хайруллоев ва Аҳмад Чоудрӣ мулоқот карданд


Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, имрӯз дар Исломобод бо ҳамтои покистонияш Аҳмад Мухтор Чоудрӣ дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ин нахустин мулоқоти вазири дифоъи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сафари серӯзааш ба Покистон буд. Зубайдуллоҳ Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки “ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои низомиро баррасӣ карданд ва дар поёни нишаст протоколи ҳамкориҳои миёни вазоратҳои дифоъи ду кишвар имзо шуд”. Дипломати тоҷик афзуд, ки тибқи ин санад ташрифи ҳайатҳои низомии ду кишвар ба Тоҷикистон ва Покистон сурат мегирад ва ҳамчунин Исломобод барои ба таҳсил фаро гирифтани кадрҳои низомии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст. Ба гуфтаи Зубайдуллоҳ Зубайдов, вазирони дифоъи Тоҷикистон ва Покистон мавзӯъи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва саҳмгирӣ дар таъмини амният дар минтақа, аз ҷумла, дар Афғонистонро ҳам баррасӣ намуданд. Тасмим гирфита шуд, ки миёни вазоратҳо табодули ахбор дар бахши мубориза бо терроризм ба роҳ монда шавад.
Қарор аст, ки фардо, рӯзи панҷшанбе, раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ вазири дифоъи Тоҷикистонро ба ҳузур пазирад. Генерал Шералӣ Хайруллоев фардо бо дигар мақомоти баландпояи Покистон, аз ҷумла, масъулини хадамоти амниятии ин кишвар ҳам дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG