Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирии мақомоти Эрон аз тазоҳурот дар Исфаҳон


Нерӯҳои амниятии Эрон аз тазоҳуроти мухолифин дар шаҳри Исфаҳон ҷилавгирӣ карданд. Ин тазоҳурот бояд қабл аз маросими ёдбуди оятуллоҳ Ҳусейн Алӣ Мунтазирӣ баргузор мешуд. Ба иттилоъи бархе сомонаҳои интернетӣ, чанд тан аз мухолифони ҳукумат боздошт шудаанд. Ва аммо ин хабар ҳанӯз аз сӯи расонаҳои мустақил тайид нашудааст.
Ду рӯз қабл дар маросими ҷанозаи оятуллоҳ Мунтазирӣ дар шаҳри Қум шиорҳои зиддиҳукуматӣ садо доданд. Оятуллоҳ Ҳусейн Алӣ Мунтазирӣ яке аз раҳбарони инқилоби исломии соли 1979 маҳсуб мешуд ва аммо солҳои ахир аз мунаққидони ҳукумати феълии Эрон буд.
XS
SM
MD
LG