Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирки тоҷик тамрин мекунад.


Сар аз 26-уми декабри соли ҷорӣ барномаҳои тозаи Сирки давлатии Тоҷикистон шурӯъ мешавад. Сирк аз ҳоло ба тамрини барномаҳои худ оғоз кардааст.

Қабл аз таҷлили Соли Нав ҳар сол барномаҳои мухталифи ҳунармандони сирки тоҷик тақдими тамошогарон мешавад. Ин намоишҳо барои муҳассилини макотиб ва атфол таҳия мегардад ва маҳз ин давра мувофиқ ба таътили зимистонии мактабиёни тоҷик аст.

Соли ҷорӣ низ истисно нест. Гурӯҳи ҳунармандони сирки тоҷик барномаҳои мухталифе таҳия кардаанд ва тасмими тақдим ба мухлисонро доранд.

Аммо заҳматеро, ки ҳунармандони сирк дар шароитҳои номувофиқ рӯ ба рӯ ҳастанд, бо барномаҳои ҷолиби онҳо қобили муқоиса нест. Наворбардори «Озодӣ» чанд соат дар тамрини ҳунармандони сирки тоҷик ҳузур дошт:

Сирк
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00



XS
SM
MD
LG