Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди таҷдиди сохтори Фарҳангистони улум


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, то сохтори Фарҳангистони улум кишвар таҷдиди назар бишавад ва маблағгузории он ҳам вобаста ба самараи фаъолияташ бигардад.

Ин пешниҳоди президент Раҳмон дар дидори имрӯзааш бо намояндаҳои илм ва маорифи кишвар садо дод.

Президент Раҳмон гуфт, Фарҳангистони улум фаъолияти худро ҳанӯзам дар шакли сохтори Шӯравӣ пеш мебарад ва самараи ин фаъолият солҳои ахир камтар эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, ба ҳукумати Тоҷикистон супориш шудааст, то комиссияи вижае таъсис дода, дар тӯли се моҳ оид ба таҷдиди сохторию идораии Фарҳангистони улум пешниҳодҳо бикунад. Президент Раҳмон пешниҳод кард, ки сар аз соли 2011 маблағгузории давлатии сохторҳои илмию тадқиқотӣ аз рӯи натиҷа ва самараи фаъолияти онҳо амалӣ гардад. Дар сурати набудани натиҷа маблағгузорӣ низ қатъ шавад.

Президент Раҳмон ҳамчунин ба масъулияти волидон дар назди фарзанд таъкид карда, ба Вазорати маориф ва дигар ниҳодҳои марбута супориш дод, то қонун дар бораи масъулияти падару модар барои тарбия ва донишандӯзии фарзандонро таҳия кунанд.

Президент масъалаи татбиқи дастовардҳои илмиву техникӣ ва технологияи муосирро ба яке аз омилҳои муҳими тавсеаи рақобатпазирӣ ва нуфузи кишварҳо дар арсаи ҷаҳон номид ва гуфт, Тоҷикистонро низ зарур аст, ки бо ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ дар ин самт тадбирҳои ҷиддӣ андешад ва мақому мартабаашро дар арсаи ҷаҳонӣ боз бештар таҳким бахшад.

Президент Раҳмон рушди имрӯзу фардои иқтисодиву иҷтимоии кишварро аз тарбияи мутахассисони соҳибмаълумот, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва густариши тафаккури техникии ҷомеа ва қабл аз ҳама ҷавонон вобаста донист. Ӯ гуфт, маҳз бо ҳамин аҳдоф соли 2010 Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудааст.

Дар ин дидор ба Вазорати маориф амр шудааст, то соли 2011 дар шаҳри Душанбе литсейи президентӣ барои 1000 нафар хонандагони лаёқатманд аз саросари ҷумҳурӣ боз шавад. Дар суханронияш президент Раҳмон гуфтааст, дар 9 соли ахир дар Тоҷикистон бештар аз 1000 муассисаи таълимӣ бунёд ва таъмир шудааст. Танҳо дар соли ҳолӣ 210 мактаб сохта ва таъмир шудааст.

Президент ҳамчунин гуфтааст, сар аз соли 2010 ёрипулии президентӣ ба мактаббачаҳо ду баробар афзоиш хоҳад ёфт. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, дар 9 соли ахир маблағгузории соҳаи маориф 27 баробар афзоиш ёфтааст. Дар соли 2000 дар буҷа барои маориф 42 миллион сомонӣ тахсис шуда, ва дар соли 2009 маориф як миллиарду 110 миллион сомонӣ гирифтааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин эътироф кард, ки дар даҳсолаҳои охир бештар ба омӯзиши илмҳои гуманитарӣ рағбат убдааст ва ҳамакнун зарурати такмили омӯзиши илмҳои дақиқу техникӣ, бо аҳаммияти вижа ба нанотехнология, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва биотехнология ба миён омадааст.
XS
SM
MD
LG