Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯъи музокироти "Узтрансгаз" ва "Тоҷиктрансгаз"


Дар Тошканд музокироти миёни ҳайатҳои ширкатҳои “Тоҷиктрансгаз” ва “Узтрансгаз” идома дорад. Ҳайати Тоҷикистон таҳти раёсати раиси ширкати гази кишвар Саидмаҳмад Шарофиддинов шоми дирӯз вориди пойтахти Узбакистон шуд. Ба иттилоъи масъулини “Тоҷиктрансгаз”, дар ин нишаст мавзӯъи ҳаҷми содирот ва қимати гази Узбакистон барои Тоҷикистон баҳсу баррасӣ мешавад. Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати “Тоҷиктрансгаз”, ба хабаргузории Азия-плюс гуфтааст, ҳаҷми газе, ки Тоҷикистон харидорӣ мекунад, бо қимати он бастагӣ хоҳад дошт.
Соли равон Тоҷикистон гази Узбакистонро бо қимати 240 доллар барои ҳазор метри мукааб харидорӣ мекард ва аммо чун қимати ин маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонӣ пойин рафтааст, хостори дарёфти газ аз кишвари ҳамсоя бо қимати 170 доллар барои ҳазор метри мукааб шудааст. Раҳбарони “Тоҷиктрансгаз” гуфтаанд, ки соли 2010 аз Узбакистон тақрибан 400-500 миллион метри мукааб газ харидорӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG