Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Одамрабоён волии Какиетаро эъдом карданд


Мақомоти Колумбия эълом доштанд, ки ахиран дар канори шаҳри Флоренсия ҷасади волии минтақаи Какиетаро пайдо карданд. Волӣ Луис Франсиско Куэляр чанд рӯз аз сӯи афроди ношинос рабуда шуба буд. Ин нахустин ҳодиса рабудан ва эъдоми як мақоми олирубтаи Колумбия аз соли 2002 ба ин сӯ маҳсуб мешавад. Он вақт раисиҷумҳури тозаинтихоб Алваро Урибе ваъда дода буд, ки артиш ба ошӯбгарон аз гурӯҳи чапгарои ФАРК зарбаи ҷонкоҳ хоҳад зад.
XS
SM
MD
LG