Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии дигарандеши чиноӣ Сяобо шурӯъ шуд


Имрӯз дар Чин мурофиаи додгоҳии дигарандеши маъруф Лю Сяобо шурӯъ шуд. Сяобо, донишманди маъруф ва аз мунаққидони ҳукумат, бо гумони даъват барои аз байн бурдани сохти сотсиалистӣ дар Чин боздошт шудааст. Ӯ яке аз фаъолони намоиши эътирозии донишҷӯён дар майдони Тянанмени Пекин дар соли 1989 маҳсуб мешавад.
Бори ахир Лю Сяобо моҳи декабри соли гузашта, як рӯз қабл аз нашри “Хартияи 08” – даъвати ҳомиёни ҳуқуқи башар аз мақомоти Чин барои арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар ва демократия, боздошт шуда буд ва дар ҳабси хонагӣ қарор дошт. Қарор аст, ки додгоҳ дар баробари дигарандеши маъруф рӯзи 25 декабр ҳукм содир кунад.
XS
SM
MD
LG