Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати вакили парлумони Афғонистон дар Бағлон


Бар асари як ҳамла дар вилояти Бағлон, воқеъ дар шимоли Афғонистон, як вакили парлумони кишвар ва ронандаи ӯ ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи расмӣ, мошини вакили палатаи болоии парлумон Муҳаммадюнус Шерноғ баъди он мавриди тирборон қарор гирифт, ки ронанда талаби бозистодан дар назди як постгоҳи полисро нодида гирифт. Тибқи бархе хабарҳо, дар ин постгоҳ мусаллаҳони толибони либоси полиси афғон дар тан камин гирифта буданд.
XS
SM
MD
LG