Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши издиҳом барои раҳоии маҳкумшудагон аз марг


Сокинони шаҳри Кирмон дар Эрон ба ду маҳкумшуда ба қатл ёрӣ доданд, то аз ин ҳукм фирор намоянд.

Хабаргузории «Форс» хабар додааст, ки издиҳом ба посбонони маҳкумшудагон ҳамла кардааст ва ин ду нафар таовнистаанд, ки фирор намоянд.

Вале ҳамагӣ пас аз чанд соати дигар онҳо боз боздошт шудаанд.

Вазорати адлияи Эрон гуфтааст, ин ду нафар акнун рӯзи чаҳоршанбе, 23-юми декабр эъдом хоҳанд шуд.

Эрон дар ҷаҳон пас аз Чин дар шумори иҷрои ҳукми қатл дар ҷои дуввум меистад.
XS
SM
MD
LG