Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев бо дабири Шӯрои Аврупо мулоқот мекунад


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз бо дабири кулли Шӯрои Аврупо Торёрн Ягланд мулоқот мекунад. Интизор меравад, Ягланд дар ҷараёни нахустин сафари расмиаш ба Русия дар мулоқот бо Медведев масоили марбут ба вазъи ҳуқуқи башар ва манъи ҳукми эъдомро матраҳ кунад.
Ягланд сафари серӯзааш ба Русияро рӯзи душанбе оғоз кард. Қарор аст, ки ӯ бо раҳбарони сиёсӣ, фаъолони ҳуқуқи башар ва намояндагони аршади ҷомиаи шаҳрвандии Русия низ мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG