Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯсавӣ охирин мақоми расмиашро аз даст дод


Раҳбари мухолифини Эрон Мирҳусейни Мӯсавӣ аз охирин мақоми расмиаш – раёсати Фарҳангистони ҳунар маҳрум шуд. Хабаргузории Форс Нюс аз қавли узви Шӯрои инқилоби фарҳангӣ Муҳаммади Муҳаммадиён овардааст, ки мегӯяд, “аъзои Шӯро Мӯсавиро аз мақоми раҳбарии ин Фарҳангистон барканор карданд.” Мӯсавӣ аз замони бунёдаш дар соли 1999 раҳбарии ин созмонро бар ӯҳда дошт.
Фарҳангистони ҳунар як ниҳоди аз ҷониби давлат ташкилшуда аст, ки зери назари идораи раёсатҷумҳурӣ ба хотири “ҳифзи ҳунари милливу исломӣ ва муқобила бо фарҳангҳои бегона” фаъолият мекард.
XS
SM
MD
LG