Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи сенаторҳои амрикоӣ ба сафири Фаронса


Шаш сенатори ҷумҳурихоҳи Амрико Фаронсаро алайҳи фурӯши барномарезишудаи киштиҳои муқтадири ҷангиаш ба Русия ҳушдор дода, гуфтаанд, ки ин иқдом мояи норозигии муттаҳидини Порис дар НАТО ва кишварҳои ҳамсояи Русия шуда, суботи минтақаро низ таҳти таҳдид мебарад.
Сенаторҳои амрикоӣ дар номае ба сафири Фаронса дар Вошингтон Перр Вимонт навиштаанд, мабодо ки Русия ин муомиларо аломати ризоияти Фаронса бо ҷангҷӯиҳои афзоянда ва рафтори ғайриқонунии Русия қабул кунад.
Қаблан аъзои Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико низ аз имкони фурӯши киштиҳои навъи “Мистрал” ба Русия изҳори нигаронӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG