Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи Клотилд Рейсс дар Теҳрон идома дорад


Мурофиаи шаҳрванди Фаронса Клотилд Рейсс бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Теҳрон идома дорад.
Хонум Рейсс ба мушорикат дар қасди Ғарб барои ба ҳам задани суботи давлати Эрон баъд аз интихоботи пурбаҳси раёсати ин ҷумҳурӣ дар моҳи июн айбдор мешавад. Эрон пешниҳод кардааст, ки Рейссро бо Алӣ Вакилии Род иваз кунанд. Вакилии Род дар Фаронса бо ҷурми қатли сарвазири даврони шоҳии Эрон Шоҳпури Бахтиёр дар соли 1991 маҳкум ба зиндон шудааст. Аммо раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ин пешниҳоди муомиларо радд кард.
XS
SM
MD
LG