Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии "Союз" ба Истгоҳи кайҳонӣ расид


Киштии кайҳонии “Союз”-и Русия бо се кайҳоннаварди русу амрикоӣ ва ҷопонӣ ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ расид. Ин киштӣ се рӯз пеш ҳомили як силсила тӯҳфаҳои солинавӣ аз пойгоҳи кайҳонии Байконур дар Қазоқистон ба парвоз хеста буд. Се кайҳоннаварде, ки тоза ба мадор расиданд, шоҳиди марҳалаи ниҳоии фаъолияти Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ хоҳанд шуд. Тайи 10 соли чархидани ин пойгоҳи кайҳонӣ дар мадори Замин 16 кишвари дахил барои он қариб 100 миллиард доллар масраф кардаанд.
XS
SM
MD
LG