Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Геннадий Павлюк дар бемористон аз дунё чашм пӯшид


Хабарнигори маъруфи Қирғизистон Геннадий Павлюк баъди тақрибан як ҳафтаи дар бемористони АлмаАТо бистарӣ буданаш аз олам чашм пӯшид. Пулиси Қазоқистон Павлюкро рӯзи чоршанбеи гузашта баъди сарозер шуданаш аз айвони ошёнаи шашуми як бино пайдо кард. Пулис ахиран гуфт, ки дасту пои Павлюк ҳангоми сарозер шуданаш баста будааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки агар ин сӯъиқасд оё ба дасти кӣ сурат гирифтааст ва ҳадафаш чист? Бо ин ҳол, тарафдорони Геннадий Павлюк ин қазияро ҳамла ба озодии баён меноманд. Павлюк тайи ҳафтаҳои охир севвумин хабарнигори русзабон дар Қирғизистон аст, ки ҳадафи ҳамла қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG