Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сербистон аз ИА расман дархости узвият кард


Сербистон расман аз ИА хост, ки онро ба узвияти ин созмон бипазирад. Раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич ин дархостро дирӯз расман дар Стокҳолм ба Фредрик Рейнфелдт, сарвазири Шветсия – раиси давраии ИА супурд.
Белград хеле умедвор аст, ки дар ниҳоят ба узвияти ИА хоҳад пайваст. Вале як мушкиле ки то кунун дар роҳи пайвастани Сербистон ба ин созмони қораӣ мониа эҷод мекунад, нокомии мақомоти Белград дар роҳи боздошт ва ба додгоҳи байналмилалии Ҳейг супурдани генерал Радко Младич, фармондеҳи собиқи нирӯҳои серби Буснист.Додгоҳи Ҳейг Младичро ба даст доштан дар як силсила ҷиноёти ҷанг, аз ҷумла қатли оми мусалмонҳо ва хорватҳо дар даврони ҷанги Буснӣ айбдор мекунад. Белград тааҳҳуд супурдааст, ки дар амри боздошти Младич ҷидду ҷаҳди бештар нишон диҳад.
XS
SM
MD
LG