Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Роғун то ҳол 3 миллион сомонӣ гузарондаанд


Ба суратҳисобҳои вижае, ки давлати Тоҷикистон ба манзури ҷалби кӯмак ба бунёди нирӯгоҳи Роғун дар “Амонатбонк” кушодааст, то кунун беш аз 3 миллион сомонӣ ва 10 700 доллари амрикоӣ ворид шудааст. Душанбе ин суратҳисобҳо бо пули сомонӣ, доллари амрикоӣ ва рубли русиро дар оғози моҳи декабр кушода, маъракаи бузурги таблиғотиеро тавассути ҳама анвоъи расонаҳо ба хотири ҷалби кӯмаку сармояҳо ба бунёди ин нирӯгоҳ низ оғоз кард. Аммо мақомоти “Амонатбонк” гуфтаанд, то ҳол касе бо рубли русӣ ба сохтмони Роғун пул нагузарондааст.
XS
SM
MD
LG