Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии масоили марбут ба саҳмияҳои Роғун


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи вижа бо ширкати раҳбарони бонкҳо ва вузарои бахши иқтисодии ҳукумат масъалаи ба муомилот баровардани саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғунро баррасӣ кардааст.
Дар ин ҷаласа гуфта шуд, ки нуқтаҳои фурӯши саҳмияҳои Роғун дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва ҳатто дар бархе ҷамоатҳои кишвар боз хоҳанд шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин хост, механизми ба харидани ин саҳмияҳо ҷалб кардани он атбоъи Тоҷикистонро, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, низ таҳия кунанд.
Қарор аст, саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун бо қиматҳои номиналии 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ аз 6 январ ба фурӯш гузошта шаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG