Ҷанозаи адиби маъруфи узбак Одил Ёқубов дирӯз дар Тошканд ба хок супурда шуд. Ӯ баъди ду ҳафтаи беморӣ дар синни 83 аз олам чашм пӯшид. Одил Ёқубов аз адибони шинохтаи Узбакистон дар даврони Шӯравӣ маҳсуб мешуд ва бо достонҳои кӯтоҳаш, ба мисли “Ҳамсолон”, “Ду ишқ”, “Муқаддас”, “Сарватҳои Улуғбек” ва “Қувони сафед” маъруфият пайдо карда буд. Адибони дигарандеши узбак Шукруллоҳ ва Муҳаммад Солеҳ аз Одил Ёқубов ба ҳайси як адиби озодандеш ва саркаш ёд карда, гуфтаанд, ки даргузашти ӯ барои адабиёти узбак талафоти сангин аст.