Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози мурофиаи раҳбари собиқи "Қазатомпром"


Дар Остона, пойтахти Қазоқистон, мурофиаи парвандаи Мухтор Ҷакишев, раҳбари собиқи ширкати ҳастаии “Қазатомпром” шурӯъ шуд. Ҷакишев ба фасод муттаҳам мешавад, вале ҳамсари ӯ Ҷамила Ҷакишева ба Радиои Озодӣ гуфт, алорағми ваъдаи мақомот дар бораи баргузории як мурофиаи шаффоф, додгоҳи шавҳари ӯ пушти дарҳои баста оғоз ёфт. Нурлан Бейсекеев, вакили мудофеъи Ҷакишев, танҳо нафарест, ки иҷозати ҳузур дар мурофиаро пайдо кардааст.
Мухтор Ҷакишев ва чанд ҳамкори собиқи ӯ моҳи май боздошт шуда, аз он замон дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар Остона ба сар мебурданд.
XS
SM
MD
LG