Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расмуссен:НАТО ба Афғонистон вафодор мемонад


Андерс Фог Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО дар ҷараёни боздидаш аз Афғонистон гуфт, кишварҳои узви ин паймон ба ӯҳдадориҳои худ дар мавриди Афғонистон вафодор хоҳанд монл. Оқои Расмуссен гуфт, нируҳои НАТО дар Афғонистон то замоне боқӣ хоҳанд монд, ки Афғонистон "ба пои худ истод шавад". Раҳбари НАТО ҳамчунин гуфт, бо вуруди нируҳои изофӣ ба Афғонистон дар соли 2010 марҳалаи нави мубориза бо шӯришиён оғоз мешавад. Амрико мегӯяд, ки ба Афғонистон 30 000 нируҳои изофӣ мефиристад ва кишварҳои НАТО қавл додаанд, ки 6 800 нафар ниру равон мекунанд.
XS
SM
MD
LG