Пайвандҳои дастрасӣ

«Не, барои Роғун лозим аст. Ба мо гуфтанд, ки то 500 сомонӣ метавонед саҳмия бигиред. Ман маҷбурам аққалан дар сад сомонӣ саҳмия бигирам, агар не ба супоридани санҷишу имтиҳонҳо иҷозат намедиҳанд…барои ҳамин занг задам»

Ин посухи додарзодаам аст, ки донишҷӯи яке аз Донишгоҳҳои пойтахт мебошад ва аз ман дархости 100 сомониро кард. Пурсидам, ки шояд барои пули хобгоҳ мепурсад, гуфт, ки не ҳоло дар аксари донишгоҳҳо студентҳоро водор мекунанд, ки саҳмияи Роғунро бихаранд.

Ман бо асабоният гӯшии телефонро гузоштам, ва нахустин суоле дар зеҳнам пайдо шуд ин буд, ки магар донишҷӯ тоҷир аст?Донишҷӯ кист? Даромади донишҷӯ аз куҷост? Ё падараш аст, ки дар баробари теғи скинҳед ва тозиёнаи милисаи Русия риск кардаву пул мефиристад -- ҳамин аст манбаи даромади студент?

Дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон мулоқоти чашм ба чашми президент Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаҳои аҳзобу созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ 4 декабр намоиш дода шуд. Ва раиси ҷумҳур дар ҳамин ҳамоиш таъкид кард, ки маъракаи харидани саҳмия довталабона аст. Ҳатто дар ҳамин вохӯрӣ намояндаи яке аз ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод кард, ки маъракаи пахтачинӣ, яъне ҳангомаҳои ба пахтачинӣ даъват кардани мардумро акнун ба сохтмони Роғун табдил диҳем, президент посухи рад дод. Президент Раҳмон таъкид кард, ки ба сохтмони Роғун зарурат нест, ки ҳама ҷалб шаванд…

Вақте ки аз назди почтаи бағали бинои телевизиони Тоҷикистон мегузаштам, падари як дӯстамро дидам, ки барои гирифтани нафақааш омадааст. Аслан дар маҳаллаи Шоҳмансури пойтахт эшон бо номи Ҳоҷӣ маълуманд ва 40 сол собиқаи кор дар системаи додситонӣ доранд. Гуфтанд, ки 250 сомонӣ нафақа мегирад. Вале ҳоло ба бобои Ҳоҷӣ гуфтаанд, ки нафақаи инмоҳаатон ба ҳисоби Роғун гузаронида мешавад. Бобои Ҳоҷӣ норозигӣ накардааст, фақат хоҳиш кардааст, ки аққалан 50 сомониашро ба вай бидиҳанд, ки набераи донишҷӯ дорад.

Тақрибан як ҳафта мешавад, ба кадом донишҷӯе сӯҳбат кунӣ, дар пайи пайдо намудани пул барои саҳмияи Роғун аст. Аз баъзе донишҷӯён талаб шудааст, ки то соли нав маблағ барои саҳмияро пешкаш кунад вагарна ба таври хаттӣ баёнот нависад, ки чаро ин ин корро накардааст.

Яке аз донишҷӯҳо, ки беҳтар аст, ному насаби ӯро ин ҷо наорам, то ӯро аз донишгоҳ хориҷ накунанд, гуфт, ки деканҳо ва роҳбарони гурӯҳҳо тибқи рӯйхатҳои махсус аз мо на хоҳиш, балки талаб мекунанд, ки агар пул наёрӣ, ба санҷишу имтиҳон роҳ дода намешавӣ. Аз вай пурсидам, ки ҳоло то нашри саҳмияҳои Роғун вақт аст, чаро аз шумо пул мепурсанд? Дар ҷавоб гуфт, ки бо ҷамъ шудани пулҳо шояд ректор ё декан аз тариқи телевизион худро нишон дода гӯяд, ки масъулони донишгоҳи мо ин миқдор маблағро ба ҳисоби Роғун «гузаронданд».

Донишҷӯ худ як қишри ниёзманди кишвар аст, ки ҳоҷат ба шарҳи вазъи ӯ нест. Ё ин ки деканҳову ректорҳо, ки афроди таҳсилкарда ва зиёии ҷомеа ба шумор мераванд, вақте ки ба шогирдони худ чунин муносибат мекунанд, ҳамон масали маъруф ба ёд мерасад, ки «салла гӯӣ, калла меоранд».

Субҳи имрӯз 22-юми декабр тибқи иттилои Дафтари мутбуоти Раиси ҷумҳур дар як ҷаласаи корӣ дар масъалаи омодагиҳо ба сохтмони Роғун президент Раҳмон бори дигар таъкид кардааст, ҷараёни фурӯши саҳмияҳо барои сохтмони Роғун шаффоф бошад. Мӯҳтавои ин нишасти ҳукумат аз тариқи шабакаи "Ҷаҳонамо" низ пахш гардид.

Аммо тавре ба назар мерасад, дар ҳошияи маъракаи муҳиму сартосарии Роғун ҷанобони ректорҳо ва мӯҳтарам деканҳо чӣ ҳадаф доранд, начандон рӯшан боқӣ мемонад. Ё шояд мехоҳанд, дар ҳақиқат маъракаи пахтачинии донишҷӯёнро ба «роғунчинӣ» табдил диҳанд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG