Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ёдгории ҷангро дар Маскав месозад


Владимир Путин-нахуствазири Русия аз тахриби ёдгории ҷанги Шӯравӣ дар Гурҷистон интиқод кардааст. Путин зимни тавзеҳоти худ аз тариқи телевизиони кишвараш ин амалро талоше барои аз байн бурдани гузаштаи муштараки миёни ду кишвар дар давраи Шӯравӣ номид:
" Бино ба ақидаи коршиносони мо, ин ёдгорӣ арзиши бадеӣ дорад. Вале ин асли масъала нест. Масъала ин аст, ки ин талоши навбатии аз хотираи мардуми Шӯравии собиқ пок кардани арзишҳои умумии гузашта аст, аз ҷумла аз каҳрамониҳои гузашта. Ба ин далел пешниҳод мекунам, ки ин ёдгорӣ дар Маскав-пойтахти Шӯравии собиқ барқарор карда шавад".

Рӯзи шанбе дар шаҳри Кутаисӣ ёдгории 46 метрии бетониву биринҷии Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ аз байн бурда шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG