Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон зарбулаҷали Амрикоро рад кард


Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон зарбулаҷали Амрикоро, ки бояд Эрон то поёни соли ҷорӣ пешниҳоди СММ-ро дар бораи ғанисозии уран мепазируфт, рад кардааст. Тибқи ин пшниҳод Эрон бояд ба ҷои ғанисозии уран сӯхти ҳастаиро ба кор барад. Аҳмадинежод имрӯз дар шаҳри Шероз бо ҷонибдоронаш дар бораи ин пешниҳоди СММ сӯҳбат кард. Вай гуфт, ҳадаф аз ин пешниҳод коҳиши захираҳои урани ғанишудаи Эрон аст ва бартараф кардани нигарониҳо Ғарб, ки мегӯяд ин мавод метавонад барои эҷоди бами ҳастаӣ истифода шавад.
XS
SM
MD
LG