Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод санади аслиҳаи ҳастаиро "дурӯғ" мехонад


Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон санадеро, ки дар он иддао мешавад, Эрон озмоиши сакуи аслиҳаи ҳастаиро ба нақша гирифтааст, чун санади дуруғин интиқод кард. Ҳафтаи гузашта рӯзномаи "Таймс" дар гузоришаш навишт, санадеро дастрас кардааст, ки ба соли 2007 тааллуқ дорад. Тибқи ин гузориш, дар санад омадааст, ки Эрон барои 4 сол озмоиши бахше аз кулоҳакҳои ҳастаишро ба нақша гирифтааст. Дар як мусоҳибаи камназир бо телевизиони амрикоии Эй Би Си Аҳмадинажод гузориши рӯзномаро комилан рад кардааст. Вай гуфтааст, ҳукумати Амрико ин санадро худаш сохтааст. Аммо Эй Би Си гуфтааст, Кохи Сафеди Амрико ин иттиҳомоти аҳмадинежлдро "сафсата" хондааст.
XS
SM
MD
LG