Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷори 2,5 килотонн маводи мунфаҷира дар болои дарёи Норин боз як сарбанди нав бунёд кард, ки баландии он 60 метр ва паҳнои он 600 метрро ташкил мекунад.

Ин сарбанд дар зарфи 17 сония пайдо шуд ва пеши маҷрои обро баст. Мутахассисон мегӯянд, боз 10 метр сатҳи паҳнои сарбанд бетонкорӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи онҳо, сарбанди нав се агрегати нерӯгоҳи барқи обии Қамбарота-2-ро ба ҳаракат хоҳад овард ва агрегати нахустини он моҳи июни соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон, эҳдоси ин сарбандро ҳодисаи муҳими таърихӣ арзёбӣ кард. Вай гуфт, Худованд дарёи Норинро ба қирғизҳо ато кардааст ва бояд ин атои худовандӣ ба манофеъи онҳо комилан истифода шавад. Ба гуфтаи Қурмонбек Боқиев, нерӯгоҳи барқи Қамбарота-2 барои рушди иқтисоди Қирғизистон аҳамияти стратегиро касб хоҳад кард. Вай афзуд, бунёди ин нерӯгоҳи барқ марҳалаи ниҳоӣ нест ва кишвараш бунёди нерӯгоҳи барқи Қамбарота-1 ва боз чанд нерӯгоҳи барқи обиро дар болои Норин идома хоҳад дод.

Ба таъкиди президенти Қирғизистон, ҳаҷми эҳтиёҷ ба нерӯи барқ дар кишвараш солона аз се то панҷ дарсад меафзояд. Вай гуфт, ин дар ҳолест ки дар муддати 20 соли ахир дар болои рӯдхонаи Норин ягон нерӯгоҳи барқи обии қавӣ бунёд карда нашуд. Ба гуфтаи Қурмонбек Боқиев, бунёди нерӯгоҳи барқи Қамбарота-2 оби сарбанди Тохтагулро масраф хоҳад кард ва ҳаҷми ин масраф солона дар ҳудуди як миллиарду чорсад миллион мукааб метрро ташкил хоҳад дод. Вай гуфт, ҳамчунин тавлиди нерӯи барқ дар як сол ба як миллиард киловатт соат афзоиш хоҳад ёфт.

Вай тазаккур дод, ки ин нерӯгоҳи барқ ҳамзамон дар таъмини амнияти барқи кишвараш нақши созанда хоҳад бозид ва имкони содироти нерӯи барқи қирғизро ба кишварҳои дигар афзоиш хоҳад дод. Бар асоси суханони Боқиев, Қирғизистон мисли Қазоқистону Ӯзбакистон аз манобеи фаровони нафту газ бархурдор нест, аз ин лиҳоз маҷбур шуд, ки бунёди нерӯгоҳҳои нави барқи обиро роҳандозӣ намояд.

Дар ҳоле ки Ӯзбакистон ва Қазоқистон аз бунёди нерӯгоҳҳои барқи Қирғизистону Тоҷикистон нигаронанд, президент Боқиев тайи изҳороташ нигаронии онҳоро бемаврид арзёбӣ намуд. Вай гуфт, аз бунёди нерӯгоҳҳои барқи болои рӯдхонаи Норин кишварҳои ҳамҷавори Қирғизистон зарар нахоҳанд дид. Ба гуфтаи ӯ, кишвараш дар фасли сармо талош хоҳад кард, ки маҷрои оби рӯдхонаи Норинро тибқи меъёр сар диҳад, аммо дар тобистон Қазоқистону Ӯзбакистонро бо ҳаҷми оби мавриди ниёзи онҳо таъмин хоҳад кард. Вай гуфт, Қирғизистон дар ояндаи наздик аз нигоҳи тавлиди нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ пешсаф хоҳад шуд.

Ба шаҳодати мутахассисони қирғиз, барои бастани пеши маҷрои оби рӯдхонаи Норин 13 миллион доллари амрикоӣ харҷ шуд ва дар ин маврид таҷҳизоти ширкати русии «Союзгидроспесстрой» мавриди истфодаи онҳо қарор гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG