Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавофуқоти Ишқободу Маскав дар бораи содироти газ


Ишқобод ва Маскав ба тавофуқ расидаанд, ки интиқоли газ ба Русия баъд аз таваққуфи 9-моҳа аз 10-ӯми январи соли 2010 дубора оғоз шавад. Дар натиҷаи инфиҷори лулаи газ интиқоли газ қатъ шуда буд. Имрӯз дар ҷараёни боздиди Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз Туркманистон дар ин бора қарордод ба имзо расид. Тибқи ин қарордод ҳар сол 30 миллиард метри муккааб гази Туркманистон ба Русия интиқол меёбад ва он аз се ду ҳиссаи меъёри солҳои пешинро ташкил медиҳад. Моҳи апрел Туркманистон барои инфиҷори лулаи газ Русияро гунаҳгор карда буд. Боздиди Дмитрий Медведев аз Ишқобод баъд аз оғози баҳрабардории лулуи гази Туркманистону Чин сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG