Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзномангигори мустақили қирғиз аз ҷароҳат даргузашт


Геннедий Павлюк-рӯзноманигори Қирғизистон аз ҷароҳатҳои сангин дар бемористоне дар Алмаато даргузашт. Бино ба гуфтаи пулис, вай ҳафтаи гузашта 16-ӯми декабр дар ҷараёни боздидаш аз Алмаато бо дасту пойҳои баста аз табақаи шашуми биное худро ба замин партофтааст. Вай то лаҳзаи марг дар ҳолати беҳушӣ буд. Олга-хонуми Павлюк мегӯяд, имрӯз ҷасади шавҳарашро бозрасони тибби додгоҳӣ боз ва муоина мекунанд, сипас вай шавҳарашро ба Бишкеки Қирғизистон интиқол медиҳад ва дар он ҷо ба хок месупорад. Павлюк барои нашрияҳои "Аргументы и факты" ва "Комсомольская Правда в Киргизии" мақола менавишт. Дӯстони Геннадий Павлюк ба "худушии" вай бовар надоранд ва ин ҳодисаро ҳамла ба озодии матбуот арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG