Пайвандҳои дастрасӣ

Генерал Хайруллоев аз Покистон боздид мекунад


Имрӯз боздиди расмии генерал Шералӣ Хайруллоев-вазири дифои Тоҷикистон аз Покистон оғоз мешавад. Вай дар ҷараёни ин боздид бо ҳамтои Покистонии худ Аҳмад Мухтор Чоудрӣ гуфтушунуд ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад. Зубайдуло Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Покистон ба радиои Озодӣ дар бораи ин боздид гуфт:

"Ин аввалин сафари расмии вазири дифои ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумҳрии исломии Покистон дар 18 соли ахир аст ва мо бо ҷониби Покистон кӯшиш дорем, ки ҳамкориҳои вазоратҳои қудратии ҳар ду кишвар ба сатҳи баланд расад".

Боздиди вазири дифои Тоҷикистон аз Покистон се рӯз идома меёбад. Қаблан раиси Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов низ аз Покистон боздид ва 23-юми октябр бо Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар ва мақомоти амниятии Покистон мулоқот кард. Боздиди раҳбарони ниҳодҳои дифоъ ва амниятии Тоҷикистон аз Покистон дар ҳоле анҷом мегирад, ки дар матбуоти хориҷӣ матолибе дар бораи имкони роҳ ёфтани тундравҳои исломӣ аз манотиқи қабиланишини Покистон ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG