Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия зиндониёни Тоҷикистонро бармегардонад?


Тибқи хабари матбуоти Русия, Юрий Чайка ва Бобоҷон Бобохонов-Додситонҳои кулли Русияву Тоҷикистон 21-ӯми декабр дар Маскав нусхаи ҷадиди қарордоди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Ин қарордод ҷойгузини қарордоди соли 1995 ҷонибҳо хоҳад буд ва тибқи он акнун ҳар ду ҷониб афроди гумонбар ба ҷинояткориро бояд барои расидагӣ ба парвандаашон ба кишварҳои якдигар супоранд. Ин дар ҳолест, ки дар зиндонҳои Русия ҳазорон нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни ҳукми додгоҳ ва ё бидуни гунаҳгор шинохта шудан заҷр мекашанд ва мавриди таҳқир ё азияту озори зиндонбонон қарор мегиранд. То ҳол рӯшан нест, ки оё тибқи қарордоди нав чунин афрод ба Тоҷикистон супурда хоҳанд шуд, ё хайр.
XS
SM
MD
LG