Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марко Поло ду баробар бештар шудааст


Саршумори барраи кӯҳии нодири Марко Поло дар Помири Шарқӣ тайи солҳои охир ду маротиба афзуда, ба 24 ҳазор расидааст.

Ба гуфтаи сардори идораи ҳифзи табиати Бадахшон Марод Мирасанов, ин рақам натиҷаи пешакии баҳисобгирии саршумори ин барраи кӯҳӣ дар ноҳияи Мурғоб аст, ки аз ҷониби мутахассисони муҳитзистӣ ва олимони Академияи Улум анҷом шудааст. Марод Мирасанов гуфт, баҳисобгирии қаблӣ, ки дар соли 2002-юм бо ибтикори кумитаи муҳитзистии кишвар гузаронида шуд, шумори Марко Полоро дар ҳудуди 12 то 14 ҳазор муайян кард.

Масъули ҳифзи табиат афзоиши саршумори Марко Полоро дар Помири Шарқӣ ба коҳиши шикори ғайриқонунӣ аз ҷониби марзбонон ва мардуми бумӣ ба сабаби беҳтар шудани вазъи иҷтимоиашон марбут медонад. Ба гуфтаи Марод Мирасанов, аммо эъломи моратория ба муддати ду соли оянда ба шикори Марко Поло, ки тибқи дастури президенти кишвар аз оғози соли равон мавриди амал қарор гирифт, бештар аз ҳама ба ҳифозат ва афзоиши саршумори ин гӯсфанди нодир мусоидат кардааст.

Баҳисобгирии саршумори Марко Поло дар Помири Шарқӣ аз ҷониби гурӯҳи мутахассисон бо ёрии молии созмони олмонии GTZ ва бо ибтикори як созмони муҳитзистии олмонӣ дар ҳамкорӣ бо кумитаи ҳифзи табиат гузаронида шудааст. Роҳбари созмони муҳитзистии олмонӣ Михел Штефан, ки дар ҷараёни баҳисобгирии саршумори Марко Поло ширкат дошт, гуфт, арқом ҳанӯз пурра дақиқ нашуда, шумори барраи кӯҳии Марко Поло дар минтақа метавонад дигар бошад.

То эъломи маратория ба шикори Марко Поло, ҳамасола, мутобиқи муҷаввиз то 40 сари он шикор ва барои ҳар сар ба буҷа аз 8 то 10 ҳазор доллар ворид мегардид.
XS
SM
MD
LG