Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷуним миллион сомонӣ барои интихобот


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар нишасти худ масрафоти баргузории интихоботи порлумонӣ дар моҳи феврали соли ҷорӣ ва гунаи таблиғотро баррасӣ кард.

Ба ҳамин гуна, КМИР тарҳи масрафот барои баргузории интихоботро дар ҳаҷми тақрибан панҷуним миллион сомонӣ рехт. Ҳамчунин, як гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, то дар фаъолияти нозирони байнулмилалӣ ёрӣ бирасонад.

Қарор шуд, то дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ таблиғотномаҳо набояд аз ҳаҷми коғази А3 бештар бошад ва дар он маълумот дар бораи номзад, аксаш дар ҳаҷми 9x12 ва барномаи пешазинтихоботияш нашр шуда бошад.

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар рӯзи 28-уми феврал баргузор мешавад. Ҳафтаи гузашта аллакай се ҳизб анҷуманҳои қаблазинтихоботии худро доир карданд ва феҳристи ҳизбияшонро барои ҳавзаи ягона муайян карданд. Феҳристҳои ҲНИТ ва ҲСДТ аз 22 нафар иборат аст ва рӯйхати ҲСТ-и қаноти Абдулҳалим Ғаффоров аз 12 нафар. Анҷуманҳои панҷ ҳизби дигар охири ин ҳафта баргузор хоҳанд шуд.

Бар асоси қонуни Тоҷикистон, 22 вакили порлумон ё 35 дарсади он аз руйхати ҳавзаи ҳизбӣ интихоб хоҳанд шуд. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 вакил дорад, ки феълан аксари курсиҳои онро ҲХДТ, се курсиро ҳам ҲКТ ва ду курсиро ҲНИТ ба худ ихтисос додаанд.
XS
SM
MD
LG