Пайвандҳои дастрасӣ

Русия 30 тонна тилояшро фурӯхтааст


Як сухангӯи вазорати молияи Русия бидуни бурдани ном гуфтааст, ки ин вазорат 30 тонна тило аз захираи тилову асъори Бонки марказии кишварро ба маблағи 1 миллиард доллар ба фурӯш задааст. Таҳлилгарон мегӯянд, Бонки марказии Русия аз боло рафтани нархи тило дар бозори ҷаҳонӣ истифода бурда, маблағи бадастомада аз фурӯши тилоро ба хотири коҳиш додани асароти касри будҷа ба кор хоҳад бурд.
Русия аз лиҳози захираи асъору тило дар ҷаҳон дар мақоми севвум аст ва ин дар ҳолест, ки иқтисоди кишвар аз пайомадҳои бӯҳрони саросарии молӣ ранҷ мекашад
XS
SM
MD
LG