Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти нави қазияи хабарнигор Павлюк


Пулиси Қазоқистон мегӯяд, хабарнигори маъруфи қирғиз Геннадий Павлюк дар ҳафтаи гузашта аз айвони ошёнаи шашуми як бино дар Алма-Ато бо дасту пои баста ба замин уфтодааст. Сухангӯи пулиси Алма-Ато Евгений Лисенко гуфт, рӯзи чоршанбеи гузашта ҷасади Павлюкро бо дасту пои бо тасма басташуда пайдо кардаанд. Хабарнигор феълан дар ҳолати мадҳушӣ дар бемористон ба сар мебарад. Тарафдорони ӯ ин амалро ҳамла ба озодии матбуот меноманд. Раҳбари мухолифини қирғиз Омурбек Текебоев инро талоши тарс додани хабарнигорон ва сиёсатмадорони мустақил хондааст.
XS
SM
MD
LG