Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти ҳастаии Русияву Амрико идома хоҳад ёфт


Русия мегӯяд, ки музокироти ҳастаӣ бо Амрико пиромуни паймони нави коҳиши таслиҳотро дар моҳи январ идома хоҳад дод. Вазорати хориҷаи Русия гуфт, чанд мавзӯъе боқӣ мондааст, ки бояд ҳаллу фасл шавад, вале интизор меравад, ки ду ҷониб дар ояндаи наздик ба тавофуқ бирасанд.
Руасои ҷумҳуриҳои Русияву Амрико Дмитрий Медведев ва Барак Обама рӯзи ҷумъа ин масъаларо баррасӣ карданд. Баъди ин мулоқот, Обама гуфт, ки Маскаву Вошингтон ба тавофуқ бар сари Паймони коҳиши таслиҳоти стротежӣ хеле наздик шудаанд.
Замони эътибори паймони қаблии Амрикову Русия дар таърихи 5 декабри соли ҷорӣ ба поён омад.
XS
SM
MD
LG