Пайвандҳои дастрасӣ

Қарордоди нави ҳамкории ду додситонӣ


Додситонҳои кулли Русияву Тоҷикистон Юрий Чайка ва Бобоҷон Бобохонов ба созишномаи ҷадиди ҳамкорӣ ва кӯмакҳои ҳуқуқӣ миёни ин ду додситонӣ имзо гузоштанд. Ин қарордод ҷойгузини созишномае хоҳад шуд, ки байни ин ду идора 14 сол қабл, дар декабри соли 1995 имзо шуда буд.
Созишнома ҳамкории байни додситониҳои Русияву Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, қочоқи аслиҳаву маводи мухаддир ва ҷиноёти дигареро, ки ба ҷомиа хатари бузург доранд, ва ҳамин тавр кӯмакҳои ҳуқуқӣ ба ҳамдигарро дар назар гирифтааст. Истирдоди ҷинояткорон низ дар заминаи ҳамин қарордод амалӣ хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, Русия тайи 2 соли охир ба Душанбе 162 нафари муттаҳам дар ҷиноётро супурдааст. Тоҷикистон ба навбаи худ дар ин муддат дар 430 маврид ба кӯмаки мақомоти додситонии Русия расидааст.
XS
SM
MD
LG