Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми "Гургони Один" бетағйир гузошта шуд


Додгоҳи олии Русия ҳукми зиндони аъзои як гурӯҳи қавмгароро, ки дар шаҳри Барнаул, маркази вилояти Олтойи Русия бедодгарӣ мекард, бетағйир ба қувваи худ боқӣ гузошт. Додгоҳи вилояти Олтой аъзои гурӯҳи “Гургони Один” ба раҳбарии Алексей Келберро бо ҷурми қатли афроди ғайрирус дар соли 2007 ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карда буд.
Онҳо дар қатли ду олтоӣ, мардуми бумии Олтой, ва як шаҳрванди Озарбойҷон муҷрим шинохта шуданд. Додгоҳ аъзои ин гурӯҳро ҳамчунин дар талоши куштани ду сокини Тува ва як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамин тавр дар латукӯби як чиноӣ дар ҳамон соли 2007 муҷрим донист. Раҳбари гурӯҳ Алексей Келбер ба 23 соли зиндон маҳкум шуда, аъзои дигари “Гургони Один” аз 8 то 19 сол ҳукми зиндон гирифтанд.
XS
SM
MD
LG