Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Сергей Лавров аз Узбакистон


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров бо як сафари дурӯза вориди Тошканд, пойтахти Узбакистон шудааст. Беҳбуди равобити сардшуда миёни ду кишвар аз аҳдофи аслии боздиди Лавров гуфта шуда, қарор аст, ки ӯ бо ҳамтои узбакаш Владимир Норов масоили ҳамкорӣ ва вазъи амниятии минтақаро баррасӣ кунад. Таҳлилгарони узбак мегӯянд, сафари Сергей Лавров ба Тошканд дар ҳоле сурат мегирад, ки Узбакистон дар ин авохир бештар ба сӯи Чин ва кишварҳои Ғарб гароида, ҳамкориаш бо созмонҳои пасошӯравии таҳти нуфузи Русия, аз ҷумла бо Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди кишварҳои ҳамсӯдро камтар кардааст. Мизони табодули молу коло байни Узбакистону Русия дар 10 моҳи соли равон чизе дар ҳудуди 2 миллиард долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG